Иди Сада: таърих, суннатҳо ва Арзишҳои Миллӣ
Иди Сада яке аз қадимтарин ҷашнҳои ориёӣ мебошад, ки ба эҳтироми оташ ва офтоб гузаронида мешавад. Он рамзи ҳаёт, гармӣ ва мубориза бо сарм мебошад. Ҷашн бо афрӯхтани оташ, гулхан ва ҷашнҳои фарҳанги гузаронида мешавад ва дар бисёре кишварҳои форсизабон, аз ҷумла Тоҷикистон, муҳим мебошад. Иди Сада ҳамчун ойини миллии аҳамиятманд ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ва интиқоли он ба наслҳои оянда мусоидат мекунад.
Ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада, ҳамчун як омили муттаҳидкунандаи миллат ва нишонаи ягонагии мардум буда, он ба наслҳои оянда, гиромидошти арзишҳои миллиро тавсиф менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон
Сада яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардумони ориёӣ, алахусус форсизабонон мебошад. Ин ҷашн рамзи ҳаёт, покизагӣ ва мубориза бо торикиҳост. Маънои "Сада" аз вожаи "сад" гирифта шуда, ба гузашти сад рӯз аз оғози зимистон то Наврӯзи ҷаҳониро дорад. Сада ҳамчунин, ба маънои сад рӯзи умедворӣ нури офтоб ва гармо мондан мебошад. Сада ҷашнест, ки ба хотири эҳтироми гармии офтоб ва оташ гузаронида, ин рӯзҳо, сармо тадриҷан коҳиш ёфта, ба сӯи гармӣ наздик мешавад. Аз ин рӯ, мардум бо афрӯхтани оташ, ба пешвози нур ва гармӣ мебароянд ва умеди баракат ва фаровонии ҳосили деҳқон мекунанд.
Оиди таърихи пайдоиши ҷашни Сада маълумоти дақиқи таърихӣ вуҷуд надорад, аммо баъзе олимон чунин мешуморанд, ки Сада аз ойинҳои зардуштҳо сарчашма гирифта, дар замони пеш аз Зардушт низ вуҷуд доштааст. Дар "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ маълумот оиди пайдоиши Сада омадааст, ки “Ҳушанг, подшоҳи пешдадии Эрон, ҳангоми шикор бо санге бархӯрда, аз он оташ пайдо мешавад. Мардум аз ин ҳодиса шод шуда, ба ифтихори кашфи оташ ҷашн гирифтанд ва онро Сада номиданд”.
Иди Сада танҳо на танҳо ҷашн, балки ойини фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад, зеро он дар эҳёи анъанаҳои миллӣ, пойдории мероси ниёгон ва таҳкими дӯстӣ аҳамияти калон дорад. Ин ҷашн ба мардум умед бахшида, ки пас аз сармои зимистон баҳори нав меояд ва рӯзҳо дарозтар мешаванд.
Иди Сада дар бисёре аз кишварҳои форсизабон, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ҷашн гирифта, моҳияти он ҳамчун умед ба гармӣ ва дӯстӣ бетағйир мондааст. Баъзан дар шаҳрҳо намоишгоҳҳо ва фестивалҳои гуногун баргузор мешаванд. Ҳамчунин, дар баъзе ноҳияҳои кишвар мардум ҳайвонотро қурбонӣ карда, аз гӯшти он таомҳои гуногун мепухтанд Дар шаҳру деҳотҳо гулхан афрӯхта, атрофи он пиру ҷавонон ҷамъ шуда, суруд мехонанд ва рақс мекунанд.
Аҳамияти ҷашни иди Сада хеле бузург ва бисёрҷанба буда, ёдраскунандаи таърихи қадимаи ориёӣ ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик аст. Ҷашнгирии он ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ва интиқоли он ба наслҳои оянда мусоидат мекунад. Сада ҷашни умумимиллӣ аст, ки тамоми мардумро, новобаста аз қавм, забон ва мазҳаб, гирди ҳам меорад. Он ба таҳкими ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамбастагии мардум мусоидат мекунад. Инчунин,ҷашнгирии Сада ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарастӣ, эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллӣ мусоидат мекунад. Ҷавонон дар ҷашнҳо ба омӯзиши суннатҳо, арзишҳои миллии худро шинохта, эҳтиром мегузоранд. Сада ҷашни муҳим ва арзишмандест, ки таърих, фарҳанг, ваҳдат ва эҳтиром ба табиатро дар бар мегирад. Ҳифз ва ҷашнгирии он вазифаи ҳар як фарди ватандӯст мебошад.
Тиллозода Ҳаким – мудири сектори Филиали Агентии АХБРЯ АМИТ дар вилояти Суғд, номзади илмҳои химия, дотсент
Назаров Холмурод – муовини директори Филиали Агентии АХБРЯ АМИТ дар вилояти Суғд, доктори илмҳои техникӣ, профессор